Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар Кувайт як ҳафта идома кард, ба охир расид.

Футболбозони шаҳри Душанбе дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол дар Кувайт ду бозии санҷишӣ анҷом доданд. Ёдовар мешавем, ки дастаи “Истиқлол”, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, дар бозии аввали санҷишӣ аз тими “Ал-Қодсия”, қаҳрамони 15-каратаи Кувайт, ки дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми АФК рақиби дастаи «Равшан»-и Кӯлоб мебошад, бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрда буд. Голҳои “Истиқлол”-ро Фатҳулло Фатҳуллоев ва легионери бразилӣ Виллер Соуза Оливейра ба ҳадаф расонданд.

Ҳайати “Истиқлол” дар бозии санҷишӣ муқобили тими «Ал-Қодсия» чунин буд: Алишер Тӯйчиев (Никола Стошич, 55, Саидҷон Саидраҳмонов, 81), Наим Улмасов, Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Иброҳим Рабимов (Артём Петренко, 46), Фатҳулло Фатҳуллоев (Умедҷон Шарифов, 46), Ҷаҳонгир Эргашев (Орзу Додхудоев, 60), Аҳтам Назаров, Дилшод Восиев (капитан), Виллер Соуза Оливейра, Юдҷин Сепуйя (Роберт Жилин, 46).

«Истиқлол” бозии дувумашро рӯзи 31-уми март бо дастаи “Ал-Шабоб”, ки дар мусобиқаи дивизиони аввали Кувайт дар ҷойи дувум қарор дорад, бо ҳисоби 2:2 анҷом дод. Бозӣ дар варзишгоҳи Ал-Аҳмадӣ дар Ал-Кувайт баргузор шуд. Ҳарду голи “Истиқлол”-ро нимҳимоятгар Дилшод Восиев, капитани даста, дар дақиқаҳои 35-ум ва 76-ум ба самар расонд.

Ҳайати “Истиқлол” дар бозии санҷишӣ муқобили тими «Ал-Шабоб» чунин буд: Алишер Тӯйчиев, Наим Улмасов, Эраҷ Раҷабов, Роберт Жилин (Умедҷон Шарифов, 74), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Иброҳим Рабимов (Орзу Додхудоев, 86), Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Эргашев (Артём Петренко, 63), Виллер Соуза Оливейра, Дилшод Восиев (капитан).

Дастаи «Истиқлол» дар Кувайт либоси нави варзиширо, ки истеҳсоли ширкати «JOMA» мебошад, намоиш дод. Либоси навро, ки бо он даста дар мавсими соли 2013-ум ба майдон меояд, Алишер Тӯйчиев, Никола Стошич, Дилшод Восиев, Соҳиб Саванқулов, Роберт Жилин ва Виллер Соуза Оливейра пешниҳод карданд.

Либоси нави варзиширо дастаи “Истиқлол” дар нахустин бозии расмии имсола дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон 6-уми апрел дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе бо тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ба бар мекунад.

Дар мавсими нав дар майдони худ футболбозони дастаи “Истиқлол” комилан бо либоси рангаш сафед ва дар сафар бо куртаву ҷӯробҳои фирӯзаранг (осмонранг) ва шортҳои сиёҳ бозӣ мекунанд. Дарвозабонҳои даста бошанд, бо либоси рангаш норанҷӣ ё зард ба майдон меоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG