Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе роҳҳои мубориза бо мухаддирот баҳс мешавад


10-уми апрел дар Душанбе ҳамоиши байнулмилалии илмӣ-амалӣ баргузор мешавад. Дар он масъалаи муборизаи муштарак бо ҷиноятҳои фаромиллии марбут ба қочоқи маводи мухаддирро пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон баррасӣ мекунанд.

Маҳмадулло Асадуллоев-сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳамоиш роҳҳои муассири пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва тақвияти фаннии марзҳову гумрукҳо ва табодули иттилоъ миёни мақомоти корҳои дохилии кишварҳои зидахл баррасӣ мешавад.

Ин манбаъ меафзояд, дар ҳамоиш намояндагони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддир, донишмандон ва мутахассисони варзидаи кишварҳои ИДМ ва Халиҷи Форс, Афғонистон, Эрон, Покистон, Чин ва намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Аврупо ва Амрико дар Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Ин конфронс дар чунин сатҳ аввалин маротиба бо ташаббуси вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 10-уми апрел дар толори Китобхонаи миллӣ баргузор мешавад.

Тоҷикистон аз сӯи СММ яке аз қаламравҳои ҳамлу нақли маводи мухаддири Афғонистон ба кишварҳои шӯравии пешин ва Аврупо дониста мешавад.

Хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон ин нигарониҳоро, ки қочоқи маводи мухаддир афзоиш хоҳад ёфт, бештар кардааст. Бино ба иттилои СММ, дар Афғонистон 90 дарсади маводи мухаддири ҷаҳонӣ тавлид мешавад ва ҳудуди 20 дарсади он аз қаламрави Тоҷикистон интиқол меёбад
XS
SM
MD
LG