Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Фаронса дар хонае аз сӯхтор 5 кӯдак ҷон бохтанд


Дар сӯхторе дар як хона дар шимоли Фаронса 5 кӯдак ҷон бохтаанд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки ин кӯдакон аз 2 то 10 сола будаанд ва шабона дар шаҳраки Сейнт-Квинтин дар 130 километрии шимоли шарқи Порис ба фоҷеа дучор шудаанд.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки падари ин кӯдакон дар маҳали ҳодиса будааст, вале бо осеби камтари сӯхтагӣ аз сӯхтор фирор кардааст. Падари онҳо аз модараш ҷудо шудааст ва дар рӯзҳои таътили ахири ҳафта кӯдаконашро аз модарашон ба назди худ гирифтааст.

Баъд аз забона задани оташ вай худро аз тирезаи табақаи аввал ба берун партофтааст.

Як мақоми маҳаллӣ ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки ин сӯхтор “ҳодисаи ногаҳонӣ” ба назар мерасад.
XS
SM
MD
LG