Пайвандҳои дастрасӣ

Суханронии попи нав дар Иди Поки масеҳиёни католик


Поп Франсис

Поп Франсис

Дар нахустин паёми худ дар рӯзи Иди Пок Франсис-попи нави Рум ҷаҳонро ба сулҳ даъват кард. Рӯзи якшанбе поп Франсис ба таври хос аз Исроилу Фаластин, аз Сурия, аз чанд кишвари африқоӣ ва аз бӯҳрон дар нимҷазириаи Корея ба унвони нуқтаҳои доғ ёдоварӣ кард.

Поп ба забони итолёвӣ сӯҳбат кард ва ба сулҳи Осиё, пеш аз ҳама дар нимҷазираи Корея даъват намуд.

Попи нав, ки кардинали собиқ Ҷорҷ Бергоглио мебошад, ҳамчунин хост, ки табиат ҳифз карда шавад. Вай аз бани башар хост, ки нигаҳбони инсоният бошанд.

Ҳангоми суханронии Франсис дар майдони шаҳраки Ватакан 250 ҳазор нафар ҳозир буданд.
XS
SM
MD
LG