Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Чин аз навъи нави зуккоми мурғ 2 нафар даргузаштанд


Дар Чин аз навъи нави бемории зуккоми мурғ ду нафар даргузаштаанд. Чунин беморӣ то ҳол дар бадани инсонҳо мушоҳида нашуда буд. Рӯзи якшанбе хабаргузории расмии Синҳуа иттилоъ дод, ки ин ду мард ҳамин моҳ дар Шонгҳой-бузургтарин шаҳри Чин аз ин беморӣ даргузаштаанд.

Кумитаи миллии тандурустӣ ва барномарезии хонаводаҳо мегӯяд, ин ду нафар дар охири моҳи феврал бемор шудаанд ва дар аввали моҳи март даргузаштаанд. Яке аз онҳо 87 ва дигарӣ 27 сол доштаанд.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, ба як зани дигар ангезандаи ин беморӣ сироят кардааст ва ҳоло вай дар вазъи вазнин дар бемористон бистарӣ мебошад.

Мақомоти беҳдошт то ҳол дақиқ накардаанд, ки оё ин вирус ё ангезанда гузаранда аст ё хайр.
XS
SM
MD
LG