Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Покистон дар таркише ду нафар кушта шуданд


Рӯзи якшанбе дар наздикии шаҳри Банну дар таркише 2 нафар кушта, 5 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Инфиҷор дар роҳ ҳангоми ҳаракати корвони мошинҳо рух додааст. Дар ин корвон сиёсатмадори маҳаллӣ Аднон Вазир ҳам будааст. Вай осеб дидааст ва ба бемористон интиқол ёфтааст.

Аднон Вазир дар гузашта аз ҳизби миллии Авомӣ Аднон дар порламон намояндагӣ мекард. Ҳоло вай мехоҳад аз ҳизби худ дар интихоботи маҳаллии аёлати Хайбар Паштунхвоҳ ширкат ҷӯяд.

Масъулияти ин таркишро ҳеҷ нируе бар уҳда нигирифтааст, вале гурӯҳи тундрави “Таҳрики Толибон” дар гузашта борҳо ба аъзои ҳизби милии Авомӣ Аднон таҳдид карда буд.
XS
SM
MD
LG