Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Горбачёв хостори низоми нави мудирият дар Русия шуд


Михаил Горбачёв
Михаил Горбачёв
Михаил Горбачёв-раҳбари Шӯравии пешин гуфт, ки сиёсатмадорони Русия “беш аз пеш ба тақлиду сохтакорӣ” даст мезананд. Ин раҳбари 82 сола мегӯяд, ки Русия ба “низоми нави мудирият” ниёз дорад.

Вай аз Владимир Путин-раиси ҷумҳур интиқод кард, ки мухолифонро нодида мегирад ва онҳоро барои барангехтани муносиботи байналмиллалӣ истифода мебарад ва бад-ин тартиб ба аҳолии кишвар нишон медиҳад, ки бубинед Русия дар чанголи душманони хориҷӣ қарор дорад.

Горбачёв гуфт, ба “мақомот муяссар шуд” ,ки мавҷи эътирозҳои ахирро фурӯ нишонанд. Вале вай ҳушдор дод, ки агар Путин дигаргунӣ наорад, онҳо дуҷора ба майдонҳо бармегарданд.

Дар давоми ҳафтаи гузашта мақомоти интизомии Русия дар даҳҳо созмони ғайридавлатӣ амалиёти ҷустуҷӯ анҷом доданд.
XS
SM
MD
LG