Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чин амалиёти наҷоти маъдангарон идома дорад


Рӯзи якшанбе кормандони наҷоти Чин ҷустуҷӯи афродеро идома доданд, ки дар кӯҳистони Тибет ҳангоми фурӯ рехтани теппа дар коне зери хок мондаанд. Соат ба соат имкони зинда пайдо кардании одамон камтар мешавад.

Рӯзи шанбе танҳо як ҷасадро пайдо карданд. 82 нафари дигар бедарак мебошанд. Бино ба хабари матбуоти Чин барои пайдо кардани одамон 3 500 нафар кормандони наҷот ва 300 адад техника сафарбар шудаанд.

Фурӯ рехтани теппа субҳи рӯзи 29 март рух дод. Мақомоти расмии Чин мегӯянд, ки имкони лағзиши бештари теппаҳо дар ин минтақа вуҷуд дорад.

Коргарон барои ширкати давлатии China National Gold Group ё Гурӯҳи тиллои миллии Чин кор мекарданд.
XS
SM
MD
LG