Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” дар Кувайт бозии санҷишӣ мекунад


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки ба мавсими нави футбол дар Кувайт омодагӣ мебинад, имрӯз, 31-уми март бо дастаи “Ал-Шабоб” аз дивизиони аввали мусобиқаи қаҳрамонии Кувайт бозии санҷишӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи “Истиқлол”, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, дар бозии аввали санҷишӣ аз тими “Ал-Қодсия”, қаҳрамони 15-каратаи Кувайт, ки дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми АФК рақиби дастаи «Равшан»-и Кӯлоб мебошад, бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрда буд.

Дастаи «Истиқлол» дар Кувайт либоси нави варзиширо, ки истеҳсоли ширкати «JOMA» мебошад, намоиш дод. Либоси навро, ки бо он даста дар мавсими соли 2013-ум ба майдон меояд, Алишер Тӯйчиев, Никола Стошич, Дилшод Восиев, Соҳиб Саванқулов, Роберт Жилин ва Виллер Соуза Оливейра пешниҳод карданд.

Либоси нави варзиширо дастаи “Истиқлол” дар нахустин бозии расмии имсола дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон 6-уми апрел дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе бо тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ба бар мекунад.

Дар мавсими нав дар майдони худ футболбозони дастаи “Истиқлол” комилан бо либоси рангаш сафед ва дар сафар бо куртаву ҷӯробҳои фирӯзаранг (осмонранг) ва трусиҳои сиёҳ бозӣ мекунанд. Дарвозабонҳои даста бошанд, бо либоси рангаш норанҷӣ ё зард ба майдон меоянд.
XS
SM
MD
LG