Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомид Карзай рӯзи шанбе ба Доҳа рафт, то масъалаи сулҳи Афғонистон ва боз кардани намояндагии Толибон дар Қатарро бо мақомоти он кишвар баррасӣ намояд.

Фоиқ Аҳмадӣ, як сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар сӯҳбат ба "Озодӣ" ҳадаф аз ин сафари дурӯзаи оқои Карзайро чунин шарҳ дод: «Дар ҷараёни ин сафар, қарор аст роҷеъ ба раванди сулҳи Афғонистон суҳбат шавад, ки бидуни шак дарбаргирандаи масоиле дар мавриди эҷоди дафтар барои музокирот бо мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон мебошад. Умедворем дар ин баҳсҳо, пешрафтҳоеро дар ҳама заминаҳо дошта бошем.”

Дар гузашта раиси ҷумҳури Ҳомид Карзай, бо эҷоди дафтари Толибон дар Қатар мухолифат мекард. Зеро нигарон буд, ки мабодо чунин коре ҳукуматашро дар ҳошия қарор бидиҳад ва Толибон мустақиман вориди гуфтугӯ бо мақомҳои амрикоӣ шаванд.

Дар ҳамин ҳол Толибон ҳар гуна иртибот бо раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзайро рад кардаанд. Забеҳулло Муҷоҳид, ки худашро сухангӯи Толибон муаррифӣ мекунад, ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, ки эҷоди дафтари сулҳ дар Қатар ба Карзай рабте надорад ва мавзӯест миёни Толибон ва ҳукумати Қатар.

Аммо ин бор раиси ҷумҳури Афғонистон дар ҳоле ба Қатар сафар мекунад, ки мақомҳои амрикоӣ ба ду дархости ӯ посухи мусбат доданд. Яке таслими комили зиндони Багром, ки гуфта мешавад зиндониёни Толибон дар онҷо нигаҳдорӣ мешаванд ва дигаре супурдани қароргоҳи нерӯҳои вижаи Амрико дар вулусволии Нархи вилояти Майдон Вардак ба афғонҳо.

Аммо суол ин аст, ки оё ин маворид Толибонро водор хоҳад кард, ки бо президент Карзай музокира кунанд? Ваҳид Мужда, таҳлилгари аршади масоили сиёсӣ дар Афғонистон назар мухолиф дорад ва мегӯяд, ки барои Толибон як масъалаи дигар бисёр муҳим аст:

«Толибон муддатҳост дархостҳояшонро эълон кардаанд, ки қазияи Афғонистон ду паҳлӯ дорад-дохилӣ ва хориҷӣ. Аввал бояд паҳлӯи хориҷии қазия ҳал шавад. Яъне музокирот бо Амрико аст, ки бояд мушаххас бисозанд ки чӣ вақт аз Афғонистон хориҷ мешаванд. То замоне, ки ин мушкил ҳал нашуда бошад, рафту омадҳои оқои Карзай ва тамоми ин сару садоҳо ва ин кӯшишҳое, ки мешавад, бефоида аст.»

Аммо сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон Аймал Файзӣ аз мавқифи ҳукумат дар Кобул пуштибонӣ намуда, мегӯяд, ки «агар мехоҳем барои овардани сулҳ дар Афғонистон гуфтугӯ кунем, тарафи асосии гуфтугӯ бояд ҳукумати Афғонистон бошад.»

Аз соли 2009 ба ин тараф Вошингтон талош дорад то ҷанг дар Афғонисторо аз роҳи музокирот ҳал кунад, аммо ҳанӯз ба пешрафти чашмрасе даст наёфтааст.
XS
SM
MD
LG