Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як минтақаи Вардак масъулияти амниятӣ ба афғонҳо гузашт


Генерал Ҷозеф Дунфорд

Генерал Ҷозеф Дунфорд

Нируҳои амалиёти вижаи Амрико дар Афғонистон пойгоҳи худро дар вулусволии Нирх рӯзи шанбе ба нируҳои Афғонистон супурданд. Ин минтақаи стратегист ва дар маркази ин кишвар дар вилояти Вардак ҷойгир аст.

Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон аз нируҳои вижаи Амрико талаб кардааст, ки ин минтақаро тарк кунанд. Қаблан шикоят шуда буд, ки нируҳои муттаҳиддин бо дастури онҳо ба нақзи ҳуқуқи башар роҳ додаанд.

Генерал Ҷозеф Дунфорд-фармондеҳи нируҳои НАТО дар Афғонистон гуфт, ки нируҳои эътилофи байналмиллалӣ дар минтақаҳои дигари вилояти Вардак низ масъулиятҳои амниятиро бар души нируҳои афғонӣ мегузоранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG