Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази минрӯбӣ: Дар Тоҷикистон минрӯбӣ идома дорад


Парвиз Мавлонқулов-раиси Маркази минрӯбии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин кишвар минрӯбӣ идома дорад ва бояд дар майдони 7,5 миллион метри мураббаъ ин кор анҷом бигирад.

Ба гуфтаи вай, аз оғози фаъолияти ин марказ то ҳол дар 88 майдони минкоришуда корҳои минрӯбӣ гузаронидаанд ва ҳоло 175 майдони дигар боқӣ мондааст.

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна нахустин кишвар буд, ки дар соли 1999 ба Аҳдномаи Оттаваи СММ пайваст ва дар соли 2000 Маркази минрӯбӣ ташкил кард.

Майдонҳои минкоришудаи Тоҷикистон аслан дар имтидоди марз бо Афғонистон ва дар минтақаҳои марзии миёни Узбакистону Тоҷикистон ҷой гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG