Пайвандҳои дастрасӣ

Кореяи Шимолӣ бо ҳамсояаш "вазъияти ҷангӣ" эълон кард


Нерӯҳои Кореяи Шимолӣ

Нерӯҳои Кореяи Шимолӣ

Кореяи Шимолӣ мегӯяд, бо Кореяи Ҷанубӣ “вазъияти ҷангӣ” эълон кардааст.
Дар як эъломия, ки рӯзи шанбе матбуоти давлатӣ пахш кард, омадааст, ки “аз ҳамин ҳоло муносибатҳои байни ду Корея дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва муносибатҳо мутобиқи чунин ҳолат пеш бурда мешавад”.

Дар эъломия аз номи ҳукумати Кореяи Шимолӣ ва ниҳодҳои он гуфта мешавад, ки ”вазъи нимҷазираи Корея, ки муддатҳои тӯлонӣ на дар ҳолати ҷанг ва на дар ҳолати сулҳ қарор дошт, саранҷом ба поён мерасад”.

Дар ин эъломия ҳамчунин ҳушдор дода шудааст, ки ҳар гуна таҳрики низомӣ метавонад сабаби “муноқишаи саросарӣ ва ҷанги ҳастаӣ ё атомӣ шавад”.

Соли 1953 муноқишаи низомии ин ду Корея ба поён расид, вале онҳо ҳамеша дар рӯ ба рӯи ҷанг қарор доштанд.

Кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Амрико ва Русия ба ин эълони Кореяи Шимолӣ вокуниш нишон додаанд. Амрико гуфтааст, ки бар зидди таҳдиди Кореяи Шимолӣ тадбирҳои иловагӣ меандешад.

Русия ҳушдор додааст, ки бӯҳрони миёни ду кишвар метавонад амиқтар шавад.
XS
SM
MD
LG