Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Футболбозони дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон – ҳимоятгарон Далерҷон Тухтасунов ва Алексей Неъматов, ҳамчунин, нимҳимоятгар Ҷамшед Исмоилов тасмим гирифтанд, ки бошгоҳи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро тарк намоянд.

Дар сомонаи бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ» гуфта шудааст, ки ин се бозигари калидии даста пеш аз бозии «Регар-ТадАЗ» бо «Равшан»-и Кӯлоб барои Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон дастаро тарк карданд.

Далерҷон Тухтасунов дар бораи иллати тарк кардани даста чунин гуфтааст: «Аз сабаби он ки мо бо роҳбарияти бошгоҳи «Регар-ТадАЗ» дар бораи шароити қарордод ба мувофика нарасидем, тасмим гирифтем, ки дастаро тарк намоем. Вале ба ин нигоҳ накарда, ман аз бошгоҳи «Регар-ТадАЗ», роҳбарону мураббиёни даста миннатдорам. Ман ифитхор мекунам, ки дар ҳайати яке аз бошгоҳҳои пурқуввати кишвар бозӣ кардам. Ба ман ҳоло аз бошгоҳҳои футболи ҷумҳурӣ ду пешниҳод шудааст ва рӯзҳои наздиктарин тасмим мегирам, ки дар кадоме аз ин дастаҳо бозӣ хоҳам кард.»

Ёдовар мешавем, ки Далерҷон Тухтасунов ва Алексей Неъматов дар ин мавсим аллакай дар ҳайати «Регар-ТадАЗ» дар Ҷоми AFC бозӣ кардаанд. Ҳамчунин, ин се бозигар дар се бозии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Ҷоми даъвати AFC дар Бишкек ҳунарнамоӣ карда буданд.

Ба иттилои Қутбиддин Хайров, раиси бошгоҳи футболи «Хайр»-и Ваҳдат, нимҳимоятгар Ҷамшед Исмоилов имсол дар ин даста бозӣ мекунад. Муҳлати қарордоди вай бо бошгоҳи «Хайр» то охири мавсими имсола мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG