Пайвандҳои дастрасӣ

«Аввалин бонки молиявии хурд», як ташкилоти қарзии Фонди Оғохон, додани қарз дар се ноҳияи минтақаи Кӯлобро қатъ кардааст.

Ин ташкилоти қарзӣ сар аз моҳи март дигар ба сокинони ноҳияҳои Ховалинг, Шӯрообод ва Муъминобод маблағи қарзӣ намедиҳад.

Сайдаҳтам Нуров, сокини ноҳияи Ховалинг, дар суҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, қаблан ин бонк таблиғ мекард, ки дар соҳаи кишоварзӣ ва боғдорӣ ба сокинон бо фоизҳои паст қарз медиҳад, аммо ҳоло, ки фурсати кишту кор дар ноҳия фаро расидааст, ба муроҷиати онҳо барои гирифтани қарз намояндагони ин ташкилоти қарзӣ посухи рад додаанд. Аммо ин мард мегӯяд, барояш қарз надодани ин бонк ҳеҷ аҳамияте надорад, зеро дар ноҳия бонкҳои зиёди дигаре фаъол ҳастанд, ки ба муштариён қарз медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулини «Аввалин бонки молиявии хурд» дар Кӯлоб мегӯянд, сабаби надодани қарз ба мизоҷон афзоиши қарзҳои ба таъхирафтода мебошад. Сокинони зиёде, ба қавли масъулини ин бонк, бо гузаштани муҳлати супурдани қарз наметавонанд, ки маблағҳои қарзии худро бо фоизҳо баргардонанд. Аз ин рӯ, онҳо ба хулосае омадаанд, ки додани қарз ба сокинони ин се ноҳияро муваққатан қатъ кунанд ва фаъолияти намояндагии худро дар ноҳияи Восеъ, ки аҳолиаш бештар ва зиндагии нисбатан хуб доранд, оғоз кунанд.

Фоизии солонаи маблағҳои қарзии ин муассисаи молиявӣ то 36 фоизро ташкил мекунад, ки дар қиёс ба дигар бонкҳо баландтар аст.

Сулаймон Холов, муштарии ин «Аввалин бонки молиявии хурд» аз ноҳияи Мӯъминобод, мегӯяд, ҳарчанд фоизи ин бонк баландтар бошад ҳам, аммо низоми содаи ҳуҷҷатгузорӣ дар он ӯро барои қарзгирӣ ҳавасманд кардааст. Ӯ мегӯяд, ҳар моҳ дар вақти муайяншуда фоизҳои бонкро мепардозад, аммо бархе сокинон аз боиси мушкилоти рӯзгор наметавонанд, ки қарзи худро баргардонанд: «Дар зиндагӣ бе қарз намешавад. Сад камбудӣ пайдо мешавад ва маҷбурӣ, ки қарз гирӣ. Ман аз ин бонк 1000 доллар қарз гирифтам ва то охири сол бояд қариб якуним ҳазор доллар маблағ супорам. Ин мушкил аст, аммо дигар роҳ нест.»

Субҳон, як тан аз муштариёни ин бонк дар ноҳияи кӯҳистонӣ, ки дар супурдани қарз таъхир кардааст, гуфт, ӯ барои кишти нахӯд маблағ гирифта буд ва тасмим дошт, ки бо ғундоштани ҳосил қарзи худро бармегардонад: «Ҳамин хел ният буд, лекин нахӯд соз нашуд. Болои ин чанд мушкили дигар пайдо шуд, ки қарзи бонкро натавонистам супорам. Ҳоло як наздикам ваъда кард, ки аз Русия пул мефиристад. Он вақт ман пули бонкро супорида, худам ҳам ба Русия меравам.»

«Аввалин бонки молиявии хурд» дар ҳоле ба аҳолии се ноҳия додани қарзро қатъ кардааст, ки аксари сокинон дар ин навоҳӣ зиндагии хуб надоранд. Ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод ва Шӯрообод аз сабаби кам будани даромад зери сарпарастии (дотатсияи) ҳукумати марказӣ қарор доранд. Дар ин навоҳӣ пахта, ягона маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, ки бо нархи нисбатан хубтар дар бозори ҷаҳонӣ савдо мешавад, намерӯяд. Сокинон дар ин ноҳияҳо бо чорводорӣ, зироаткорӣ ва боғдорӣ рӯз мегузаронанд, ки на ҳар сол аз ин ҳисоб даромади хуб ба даст меоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG