Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси сомонаҳо барои кӯдакон дар интернет хуб аст, аммо...


Акс аз сомонаи рrovance.tj.
Акс аз сомонаи рrovance.tj.

рrovance.tj. Бо чунин ном ахиран дар портали тоҷикии интернет сомонаи вижае барои хурдсолон рӯйи кор омад.

Сомонаи мазкур, ки бо ду забон тоҷикӣ ва русӣ таҳия шудааст, кори дасти як модари ҷавони тоҷик аст. Пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ва рӯ ба рӯ шудан бо мушкилот дар дарёфти сомонаҳои хубу ҷолиби кӯдакона ва машғулиятҳои безарари интернетӣ Санавбар Муродова, модари як писар, ки қобилияти барномасозӣ ҳам дорад, тасмим гирифт, кори худ ва даҳҳову садҳо модари дигар, тарбиятгарони кӯдакони асри навро осон кунад.

Санавбар мегӯяд, ғолибан барои анҷоми корҳои хона ӯ маҷбур буд, ки ба сомонаҳои кӯдаконаи русӣ муроҷиат ва фарзандашро ба чизе саргарм кунад: «Мо маҷбур мешудем ба сомонаҳои русӣ дароем. Писари ман, албатта, забони русиро хуб мефаҳмад ва вақте ман ба корҳои дигари хона машғул мешавам, ӯ дар ин сомонаҳо ба расмкашӣ, тамошои мултфилму хондани афсонаҳо машғул мешуд. Ва ман ҳам фикр кардам, ки метавонам ба модарони дигар, ки имрӯз аксарият дар хона интернет доранд, вале намедонанд аз он чӣ тавр барои фарзандони хурдсоли худ истифода кунанд, кумак намоям. Ин сайтро бо забони тоҷикӣ ва русӣ ва дар 400 саҳифа омодаву пешниҳод кардам. Ман ин сомонаро бо кумаки писарам таҳия кардам, ҳар лаҳза аз ӯ мепурсидам, ки боз чиро дидан мехоҳад дар интернет ва мушоҳида мекардам, ки барояш чӣ ҷолиб асту онро ба ин саҳфа ворид мекардам.»

Ба таъкиди Санавбар, сомонаи мазкур танҳо фароғатӣ набуда, ӯ талош кардааст, ки дар он барои кӯдакон маълумоти зарурӣ ва муфиду таълимиро ҳам пешниҳод созад. Аз ҷумла, дар сайти мазкур ба истифодабарандагони хурдсол дар бораи кураи замин, сайёраҳо, офтобу моҳтоб ва ҳодисаву офатҳои табиӣ, ҷонварону наботот ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ маълумот дода шудааст.

Модари ҷавон ва барномасоз мегӯяд, имрӯз хурдсолон дар Тоҷикистон аз ҷиҳати рушди иттилоотӣ заифанд ва бинобар ин, пешниҳоди чунин сомонаҳои омӯзишиву иттилооотӣ дар шаклҳои ҷолиб барои онҳо муҳим аст: «Ман, ки бо кӯдакон зиёд суҳбат мекунаму дарс мегӯям, мебинам, ки чӣ тавр кӯдакони мо ғолибан аз ҷиҳати иттилоотӣ ақиб мондаанд. Онҳо аз бисёр чизҳо огоҳ нестанд. Онҳо дар бораи одитарин ҳодисаҳои табиат, замину офтоб, ситораҳо ё заминларза чизе намедонанд. Барои ҳамин мо дар ин сомона, дар баробари филмҳои тасвирӣ ва китобҳои кӯдаконаву бозиҳои мухталиф, дар бораи табиату замин маълумоти зарурӣ ҳам пешниҳод кардаем. Ба ин сомона, албатта, маблағи зиёд сарф нашудааст, ҳудуди 200 доллар шояд, аммо вақту нерӯи зиёде харҷ кардам, то ба кӯдакон як кумак шавад.»

Ба гуфтаи Санавбар, аз ин кораш ҳеҷ манфиати молӣ ё шуҳратеро интизор нест, фақат мехоҳад зиндагии кӯдаконро рангин ва онҳоро аз одату машғулиятҳои зараровару хатарноки интернет дур нигаҳ дорад. Ӯ аз дигарон даъват мекунад, ки барои бой кардани сомонаву адабиёти кӯдакона дар интернети тоҷикӣ саҳми худро гузоранд.

Чанде пеш як барномасози дигар Илҳоми Муҳаммадиброҳим аз тариқи Фейсбук ба хоҳишмандон нармафзори бозии кӯдакона барои омӯзиши забони англисиро ройгон тақдим дошт. Вай ҳам мегӯяд, ин нармафзорро ибтидо барои фарзандони худ барномарезӣ кард ва бо хоҳиши онҳо таҳрир намуд. Ба ақидаи Илҳом, камбуди сомона ва нармафзорҳо барои кӯдакони хурдсол ӯро ба ин иқдом водор кардааст.

Чунин талошҳо дар ҳоле иттифоқ меафтанд, ки моҳе қабл маҳз бо ҳадафи таъмини хурдсолони тоҷик бо интернети бехатар ширкати «Телеком Технолоҷӣ» ҳам хадамоти наве бо номи «интернети кӯдаконаро» муаррифӣ ва пешниҳоди истифодабарандагон карда буд. Тарофа ё хадамоти мазкур барои муштариёни синни томактабӣ ва мактабӣ дастрасӣ ба бештар аз 100 сомонаро фароҳам меоварад, ки бо машварату маслиҳати равоншиносону омӯзгорон интихоб шуда.

Феълан роҷеъ ба теъдоди истифодабарандагони хурдсоли интернет дар Тоҷикистон иттилои дақиқе гуфтан мушкил аст, чун ин аз сӯи ширкат ё нафаре то ба ҳол ҳисоб нашудааст, аммо, ба гуфтаи масъулони ширкатҳои хадамоти интернетӣ, қариб ҳар дувумин нафар имрӯз дар Тоҷикистон аз ин шабакаи ҷаҳонӣ истифода мебарад.

Дар ҳамин ҳол, бо дастрас шудани интернет дар кившар ва роҳ ёфтани фанновариҳои нав ба аксар хонаводаҳо нигаронии волидон ҳам аз сарнавишти фарзандонаш бештар мешавад. Чун интернети Тоҷикистон аз сайту сомонаҳои омӯзишӣ ва безарари кӯдакона бой нест ва интихоб дар ин самт хеле маҳдуд аст, ин нигарониҳои падару модарон ҳам то ҷое асос доранд.

Ғолибан атфоли хурдсоли тоҷик аз интернет барои тамошои филмҳои тасвирӣ ва бозиҳои мухталиф истифода мекунанд. Дилафрӯз, як модари ҷавони тоҷик, ки чанде пеш баъд аз мушоҳидаи як одати бад дар писари 3-солааш ба духтури асаб муроҷиат кард, мегӯяд, писараш як муддат ба бозии компютерӣ хеле шавқ пайдо кард ва аз сари компютер дур кардани ӯ бисёр мушкил шуд. Кӯдак мехост соатҳо дар комютер бозӣ кунад ва хоҳиши хӯрдану сайругашт дар ҳавои тозаро намекард.

Аммо Дилафрӯз мегӯяд, вақте эҳсос кард, ки ин бозиҳо ба равону чашми фарзандаш асар кардааст, зуд ба духтур муроҷиат намуд: «Кор то ҷое расид, ки дигар на хӯрдан мехосту на берун рафтан. Бо як мушкил ӯро аз комютер ҷудо мекардем. Баъдан мушоҳида кардам, ки чашмонашро мехорад ва зуд-зуд мижа мезанад. Нигарон шудаму ба духтури асаб муроҷиат кардам. Дар воқеъ, вақте фаҳмид, ки аз компютер зиёд истифода мекунад, гуфт, сабабаш ҳам ҳамин аст. Духтур илова ҳам кард, ки имрӯз чунин шикоятҳо аз сӯи модарон зиёд шунида мешавад. Яъне, дар паи истифодаи зиёд аз компютеру интернет ва вобастагӣ аз он дар хурдсолон одатҳое мисли мижазанӣ, даҳон каҷ кардан ва як хусусиятҳоеро, ки ба асаб рабт дорад, пайдо мешавад.»

Ҳоло ин модар маҷбур шудааст, ки компютеру ноутбукашро ҷамъ кунад ва аз чашми писараш пинҳон намояд. Бо ин роҳ модар мехоҳад фарзанди хурдсолашро аз ин вобастагӣ дур созад.

Аммо пинҳон кардани компютеру маҳдуд сохтани интернет барои ҳифзи кӯдакон аз иттилооту сомонаҳои зиёновар метавонад дар асри фанновариҳои ҷадид роҳи ҳал бошад? Мутахассисон ва равоншиносон бар ин боваранд, ки аз интернету компютер дур нигаҳ доштани хурдсолон ислоҳи вазъ буда наметавонад. Чун истифодаи интернет талаби замон аст ва барои ин бояд волидон баръакс талош намоянд, ки кӯдаконро ба истифодаи дуруст аз он роҳнамоӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG