Пайвандҳои дастрасӣ

Боз як рӯзи тазоҳуроту даргириҳо дар Миср


Рӯзи ҷумъа тазоҳурот дар чандин шаҳри Миср боз ба даргирӣ печид. Дар пойтахт - Қоҳира- эътирозҳо алайҳи раисиҷумҳури исломгаро Муҳаммад Мурсӣ доир шуда, дар майдони марказии Искандария – дувумин шаҳри бузурги Миср – тарафдорону мухолифони Мурсӣ ба ҳам даргир шуданд. Ин майдон қаблан қароргоҳи Ихвонулмуслимини Мурсӣ буд, вале чанд ҳафта пеш ба дасти мӯътаризон гузашт. Мурсӣ дар пайи суқути режими Ҳуснӣ Муборак раҳбари Миср интихоб шуд.
Дирӯз эътирозгарон дар Зақозиқ – 80-километрии шимоли Қоҳира- ҳангоми талоши оташ задани дафтари Ихвонулмуслимин бо пулис даргир шуданд. Дар Қоҳира садҳо нафар дар рӯбарӯи дафтари додситони кулл, ки чанд рӯз пеш ҳукми ҳабси вакилони мудофеъи демократияхоҳро содир кард, раҳпаймоӣ карданд.
XS
SM
MD
LG