Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониҳо дар Пешовар ба 10 нафар расид


Бар асари ҳамлаи маргталабона дар шимолуғарби Покистон дастикам 10 тан кушта, 25 тан захмӣ шудаанд. Маргталаб рӯзи ҷумъа худро дар Пешовар вақте тарконд, ки корвони мошинҳои як фармондеҳи шибҳанизомиён дар вилояти Хайбар-Пахтунхва аз посгоҳи низомӣ убур мекард. Манобеъи тиббӣ мегӯянд, ки Абдулмаҷид Мурувват захмӣ шудааст, вале ҳанӯз рӯшан нест, ки ҷароҳати ӯ то кадом андоза ҷиддист. Сухангӯи Таҳрики Толибони Покистон Эҳсонуллоҳ Эҳсон дар тамос бо Радиои Машъал иддао кард, ки ҳамла кори Толибон аст.
XS
SM
MD
LG