Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳованисиён гуруснанишиниро бас мекунад


Ҳованисиён ҳангоми гуруснанишинӣ

Ҳованисиён ҳангоми гуруснанишинӣ

Номзади шикастхӯрдаи интихоботи раёсатҷумҳурии Арманистон Раффӣ Ҳованисиён гуфт, ду ҳафта гуруснанишиниашро дар рӯзи иди масеҳии Пок, ки 31 март таҷлил мешавад, поён медиҳад. Ҳованисиён ба нишони эътироз ба тақаллуби оро дар интихоботи 18 феврал даст ба ин иқдом зада буд. Бино ба натоиҷи расмӣ, 58 дарсади ороро раҳбари кунунии Арманистон Вазген Саркисиён ба даст овард ва Ҳованисиён бо касби 37 дарсад ҷои дувумро гирифт. Раҳбари ҳизби Мерос рӯзи ҷумъа ба тарафдоронаш дар майдони марказии Ереван гуфт, рӯзи 9 апрел, дар рӯзи адои савганди Саркисиён бори дигар ба майдон бирезанд.
XS
SM
MD
LG