Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия унвони "Қаҳрамони кор"-ро эҳё мекунад


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо як фармон унвони “Қаҳрамони кор”-ро барқарор кард. Дафтари Путин гуфт, ин ҷоиза ба хотири “боло бурдани эътибори заҳмати фидокорона ва софдилона” таъсис мешавад. Унвони “Қаҳрамони кор” дар аҳди Шӯравӣ ҳанӯз соли 1921 таъсис ёфта, соли 1938 номи “Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ”-ро гирифт ва аввалин барандааш раҳбари вақти Шӯравӣ Иосиф Сталин шуд. Никита Хрушёв, раҳбари вақти Қазоқистон Динмуҳаммад Қунаев ва академик Андрей Сахаров 3 дафъа ин унвонро соҳиб шудаанд. Вале вақте Сахаров ба дигарандешон пайваст, ӯро аз ин унвонҳо маҳрум карданд. Соли 1949 барои бори аввал ба ду хонандаи мактаб - Турсуналӣ Маткозимов аз Тоҷикистон барои ширкати фаъол дар пахтачинӣ ва ба Нателле Челебадзе аз Гурҷистон барои саҳмаш дар чидани чой низ унвони “Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ” дода шуд.
XS
SM
MD
LG