Пайвандҳои дастрасӣ

Дастикам 18 кушта дар ҳамлаҳо ба масоҷиди шиъаҳо


Пулиси Ироқ гуфт, силсилаи таркишҳои мошинҳои бомбгузоришуда дар назди масоҷиди шиъаҳо дар ду шаҳри Ироқ дастикам 18 кушта ба ҷо гузошт. Дар ин таркишҳо, ки баъди намози ҷумъа дар фосилаи ҳамагӣ як соат якбора дар 4 минтақаи канори Бағдод ва ҳам дар Киркук рух дод, беш аз 100 тан захмӣ шудаанд. Касе масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст, вале ҷангиёни суннии марбут ба Ал-Қоида шиъаҳоро тарафдори ҳукумати таҳти раҳбарии шиъаҳо хонда, пайваста ҳадаф қарор медиҳанд. Мизони хушунат дар Ироқ назар ба нуқтаи авҷаш, ки солҳои 2006 ва 2007 буд, коҳиш ёфтааст, аммо ҳамлаҳо ҳамоно идома доранд. Ба ҳисоби Франс Пресс, танҳо дар моҳи март дар Ироқ 256 кас кушта шуд, ки аз моҳи август ба ин сӯ баландтарин рақам аст.
XS
SM
MD
LG