Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Лавров ба Кореяи шимоливу Амрико


Ким Чен Ун ҳангоми баҳси нақшаи зарбаҳои мушакӣ алайҳи Амрико

Ким Чен Ун ҳангоми баҳси нақшаи зарбаҳои мушакӣ алайҳи Амрико

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ҳушдор дод, ки ташдиди танишҳо байни Кореяи шимоливу Амрико метавонад аз назорат хориҷ шавад. Лавров тамоми ҷонибҳои зидахлро ба хештандорӣ даъват кард. Ин ҳушдор дар ҳолест, ки Кореяи шимолӣ эълон кард, ки мушакҳояшро барои зарбаҳо ба қаламрави Амрико ва пойгоҳҳояш дар ҳавзаи уқёнуси Ором ва Кореяи ҷанубӣ ба ҳолати омодабош овардааст. Раҳбари Кореяи шимолӣ Ким Чен Ун шоми панҷшанбе дар посух ба парвозҳои ҷангандаҳои Амрико бар фазои нимқораи Корея чунин амр додааст. Аз Ким Чен Ун нақли қавл мекунанд, ки гуфтааст, “вақти баробар кардани ҳисоб бо империалистҳои Амрико расид.”
XS
SM
MD
LG