Пайвандҳои дастрасӣ

Нирӯгоҳи Айниро Эрон хоҳад сохт


Солеҳӣ дар дидор бо Раҳмон (акс аз сентябри соли 2012)

Солеҳӣ дар дидор бо Раҳмон (акс аз сентябри соли 2012)

Эрон ба наздикӣ ба сохтмони нирӯгоҳи Айнӣ дар фарози рӯди Зарафшонро шурӯъ хоҳад кард. Бино ба гузориши сомонаи “Озодагон”, вазири хориҷаи Эрон Алиакбар Солеҳӣ дар ҳошияи нишасти вазирони хориҷаи “Муколамаи ҳамкории Осиё” дар Душанбе гуфтааст, дар мавриди тарҳи ин нирӯгоҳ ва тарҳҳои дигар дар мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба тавофуқ расидаанд. Ташхисоти фанниву иқтисодии тарҳи нирӯгоҳи Айниро низ ҷониби Эрон ба ӯҳда гирифта, қасд дорад, бо анҷоми эҳдоси нирӯгоҳи Сангтӯда-2 таҷҳизоташро ба маҳалли сохтмони нирӯгоҳи ҷадид бикӯчонад. Бунёди нирӯгоҳи Сангтӯда-2 бо 180 миллион доллар сармояи Эрон ва 40 миллион доллар саҳми Тоҷикистон дар ҳоли анҷомёбист. Қарор буд, расми анҷоми ин сохтмон дар рӯзҳои Наврӯз бо ширкати раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод сурат бигирад, вале ин маросим то моҳи апрел ба таъхир уфтод.
XS
SM
MD
LG