Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони мусобиқаи қаҳрамонии гуштии озоди Тоҷикистон


Баҳодур Қодиров - ғолиби мусобиқа дар вазни 74 кг.
Баҳодур Қодиров - ғолиби мусобиқа дар вазни 74 кг.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии озод, ки дар шаҳри Душанбе, дар Маҷмааи варзиши Хадамоти алоқаи Тоҷикистон баргузор шуд, бештар аз 80 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат доштанд.

Мусобиқа аз рӯи ҳафт вазн баргузор шуд. Паҳлавонон Саидмузаффар Мудинов (55 кг), Николай Ноев (60 кг), Тоҷиддин Хоҷаев (66 кг), Баҳодур Қодиров (74 кг), Комилҷони Сафаралӣ (84 кг), Искандари Рустам (96 кг) ва Фарҳод Анақулов (120 кг), ки ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд, бо медалҳои тилло сарфароз шуданд.

Ғолибони мусобиқа Тоҷикистонро дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар мусобиқоти байналмилалӣ намояндагӣ хоҳанд кард. Гуштигироне, ки ҷойҳои дувуму севумро соҳиб шуданд, мутаносибан бо медалҳои нуқраву биринҷӣ сарфароз гаштанд.
XS
SM
MD
LG