Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян мушакҳояшро дар ҳоли "омодабош" қарор дод


Кореяи Шимолӣ мушакҳои худро дар ҳоли “омодабош” барои ҳамла ба муассисаҳои низомии ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ дар уқӣнуси Ором қарор медиҳад. Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин дар ин бора шаби гузашта дар мулоқот бо низомиёни воломақоми кишвар амр дод.

Рӯзи панҷшанбе ду ҳавопаймои ҷангии бомбандози амрикоии Би-2 "Спирит" дар ҷавоб ба таҳдидҳои Кореяи Шимолӣ дар ҳарими ҳавоии Кореяи Ҷанубӣ парвоз карданд.

Имрӯз Чин аз ҳама ҷонибҳо хостори сабурӣ дар аъмолашон дар нимҷазираи Корея шуд, вале аз танқиди ИМА худдорӣ намуд.

Кореяи Шимолӣ соҳиби мушакҳои сохти шӯравии "Скад" ва мушакҳои дурпарвози истеҳсоли худист, ки онҳо тавони расидан то пойгоҳҳои низомии Амрико дар Уқёнуси Оромро доранд.
XS
SM
MD
LG