Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 мавриди гуфтугӯ қарор гирифт


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар ҳошияи ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори «Муколамаи ҳамкории Осиё» вазири корҳои хориҷии Эрон Алӣ Акбари Солеҳиро ба ҳузур пазируфт.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки зимни ин мулоқот масоили ҳамкории бисёрпаҳлӯи ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба сафари расмии президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон ва роҳҳои татбиқи амалии тавофуқоти муҳим доир ба анҷоми пурраи бунёди нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ва оғози сохтмони нерӯгоҳи Айнӣ, кашидани хатти интиқоли нерӯи барқ, лӯлаҳои об, газ, нафт ва бунёди роҳи оҳани миёни Тоҷикистону Эрон зоҳир гардид.

Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз афзоиши пайвастаи гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Эрон, ки ҳаҷмаш соли 2012 ба зиёда аз 217 миллион доллари амрикоӣ расид, таъкид дошт, ки “муомилоти молии кунунии ду кишвар баёнгари имконоти мавҷудаи иқтисодию тиҷоратии онҳо нест”. Аз ин хотир беҳсозии шароити мутақобила барои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла барои бахши хусусӣ, зарур дониста шуд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои сафорати Эрон дар Тоҷикистон, интизор меравад, ки дар авоили моҳи апрел чархаи дувуми нерӯгоҳи Сангтӯда-2 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG