Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои посдори сулҳ ошӯбгаронро халъи силоҳ мекунанд


Шӯрои амнияти СММ таъсиси нахустин дар таърихи созмон бригадаи “ҳамлакунанда”-и нерӯҳои посдори сулҳ барои интиқол ба Ҷумҳурии демократии Конгоро пазируфт. Ин бригада, ки қарор аст аз 3 ҳазор афсару сарбоз иборат бошад, ҳаққи доир кардани амалиёти низомӣ ва халъи силоҳи ошӯбгаронро хоҳад дошт. Дар қатъномаи Шӯрои амнияти СММ гуфта шудааст, бригада барои як сол таъсис мешавад ва намунае дар бахши ташаккули нерӯҳои посдори сулҳ нахоҳад шуд.

Шурӯъ аз моҳи апрели соли гузашта бар асари ҳамлаҳои ошӯбгарони “Ҷунбиши М23” тақрибан ним миллион сокинони манотиқи шарқии Конго ба тарки манзилҳои худ маҷбур шуданд.
XS
SM
MD
LG