Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба сӯи Парвиз Мушарраф кафше партоб шуд


Рӯзи ҷумъа як ҳуқуқшиноси покистонӣ ба сӯи президенти собиқи кишвар Парвиз Мушарраф кафши худро ҳаво дод. Ин ҳодиса лаҳзае рӯй дод, ки Мушарраф вориди сохтмони додгоҳе дар шаҳри Карочӣ шуд. Ин додгоҳ, ки иттиҳомоти Мушаррафро марбут ба сӯиқасд ба куштор ва барканории ғайриқонунии қозиҳо баррасӣ мекунад, бояд мӯҳлати амали гаравпулии Мушаррафро баррасӣ мекард. Кафши партофташуда ба худи Мушарраф нарасид, чун ӯ дар ҳалқаи муҳофизон, хабарнигорон ва тарафдорон қарор дошт. Ба Мушарраф иҷоза шуд, ки мӯҳлати гаравпулии худро то 15 рӯзи дигар тамдид кунад. Парвандаи мазкур марбут ба ҳодисаҳои соли 2007 аст, ки дар он рӯйдодҳо чанд қозӣ, аз ҷумла раиси додгоҳи олӣ аз вазифа сабукдӯш шуданд. Дар маҷмӯъ, баррасии кори ӯро аз рӯи ду парвандаи ҷиноӣ то 21 рӯзи дигар тамдид карданд. Ин парвандаҳо ба ҳодисаҳои куштори нахуствазири собиқ Беназир Бҳутто дар соли 2007 ва раҳбари миллатгароҳои Балуҷ Акбар Бугтӣ дар соли 2006 иртибот мегиранд.
Парвиз Мушарраф, ки дар паи як кудатои хунини низомӣ соли 1999 сари қудрат омад, то соли 2008 раҳбарии кишварро ба ӯҳда дошт. Вай баъди чаҳор соли тарки ихтиёрии ватан, рӯзи якшанбе ба Покистон баргашт ва ҳоло ният дорад, ки дубора вориди саҳнаи сиёсӣ шавад.
XS
SM
MD
LG