Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ ҳукми се сиёсатмадори қирғизро эълон мекунад


Дар Бишкек ҳама мунтазири ҳукми додгоҳ дар баробари се вакили парлумон аз ҳизби Ота Ҷурт мебошанд. Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, мурофиа анҷом ёфт ва додрасҳо ба хонаи машваратӣ рафтаанд. Дар канори бинои додгоҳи ноҳияи Якуми Майи пойтахти Қирғизистон тақрибан 150-200 тан аз ҷонибдорони Қамчибек Тошиев, Содир Жапаров ва Талант Мамитов гирдиҳамоӣ созмон дода, талаб доранд, ки ҳарсе вакили парлумон озод карда шаванд. Барои назорати тартибу низом тақрибан 100 корманди милиса сафарбар шудаанд.

Қамчибек Тошиев, Содир Жапаров ва Талант Мамитов, се раҳбари ҳизби Ота Ҷурт соли гузашта бо иттиҳоми ташкили нооромиҳо дастгир шудаанд. Ба қавли мақомот, онҳо моҳи октябри соли гузашта тахминан 1 ҳазор нафарро дар Бишкек ҷамъ намуда, талаб карданд, ки кони тилои Кумтор миллӣ гардонида шавад.

Муҳокимаи додгоҳии се сиёсатмадор 10-уми январи соли равон оғоз ёфтааст. Дар ин муддат ҷонибдорони онҳо дар манотиқи ҷанубии Қирғизистон чанд бор намоиши эътирозиву раҳпаймоӣ ташкил карданд.
XS
SM
MD
LG