Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши як маргталаб дар Пешовар ҷони 6 касро рабуд


Дар шаҳри Пешовар, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, бар асари таркиш 6 нафар кушта ва 11 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи полис, қурбониёни ҳодиса ҳам низомиён ва ҳам сокинони осоишта, аз ҷумла, ду зан мебошанд.

Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, маргталаб худро дар ҳоле инфиҷор кард, ки корвони мошинҳои низомӣ аз як постгоҳ дар Пешовар мегузашт. Фармондеҳи нерӯҳои полиси марзии вилояти Хайбар Пахтунхва Абдул Маҷид Марват, ки мошини ӯ дар охири корвон буд, осеб надидааст.

Ҳамлаҳо ба нерӯҳои амниятии Покистон дар арафаи интихоботи умумӣ, ки қарор аст рӯзи 11 май баргузор шавад, афзоиш ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG