Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малика ва Сабинаро гурӯҳи махсуси ВКД ҷустуҷӯ мекунад


Дар робита ба ҳодисаи гум шудани ноболиғон Малика ва Сабина вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов фармон додааст, ки гурӯҳи махсуси ҷустуҷӯӣ таъсис дода шавад.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 29-уми март ба радиои «Озодӣ» гуфт, бар асоси фармони Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ, ки дар нимаи дувуми рӯзи панҷшанбе содир шуд, гурӯҳи махсуси ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуд ва он аллакай дар нуқтаҳои мухталифи шаҳр ва атрофи пойтахт ҷустуҷӯи Сабина ва Малика Араловаҳоро, ки дар таърихи 25-уми марти соли равон гум шудаанд, оғоз кардааст.

Ба таъкиди сухангӯи ВКД, гурӯҳи мазкур аз ҳисоби кормандони ботаҷриба ва мутахассисони варзидаи соҳа созмон ёфта, ҳама фарзияҳо оид ба гум шудани ноболиғон Малика ва Сабинаро мавриди санҷиш ва тафтиши ҷиддӣ қарор медиҳад ва тамоми чораҳои дахлдорро барои дарёфти онҳо меандешад.

Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун аз гум шудани ин ду хурсол чор рӯз мегузарад, аммо тавре Темур Аралов, падари Малика, имрӯз ба радиои «Озодӣ» гуфт, то ҳол аз кӯдакон хабаре нест. Ба гуфтаи вай, «бисёриҳо занг зада мегӯянд, ки кӯдаконро дар фалон ҷо дидаанд, аммо вақте ба онҷо меравем, мутаассифона, ё бо духтарчаҳои дигар монанд кардаанд, ё ки аслан онҳо нестанд.»
XS
SM
MD
LG