Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон хоҳони кумак ба кишварҳои осебпазири Осиё шуд


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори таъсиси як бунёд барои рушди кишварҳои осебпазири Осиё шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви созмони «Муколамаи ҳамкории Осиё» суҳбат мекард, пешниҳод намуд, ки дар доираи ин созмон, ба хотири рушди кишварҳои осебпазири минтақаи Осиё, як бунёд аз ҳисоби давлатҳои пешрафтаи ҳамин қора таъсис дода шавад.

Дар суханронии худ президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳи аҳли нишастро ба ҳалли масъалаи энергетикӣ даъват кард ва таъкид намуд, ки бархе кишварҳои қораи Осиё аз як тараф соҳиби захоири бузург обу энергетикӣ ҳастанд ва аз тарафи дигар бо норасооии барқ рӯ ба рӯ мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба унвони намуна Тоҷикистонро мисол овард, ки ин кишвар соҳиби аслии оби Осиёи Миёна ба шумор меравад, аммо дар айни замон бо камбуди барқ рӯ ба рӯ аст.

Аз ҷумла, барои мусоидат дар рафъи мушкилоти энергетикии кишварҳои ниёзманди Осиё ҷаноби Раҳмон пешниҳод кард, ки ҷаласаи навбатии форуми энергетикии кишварҳои узви ин созмон баргузор карда шавад.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз кишварҳои узви созмони мазкур даъват кард, ки дар амри раҳоии кишвараш аз бунбасти иртибототи нақлиётӣ мусоидат кунанд.

Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви созмони «Муколамаи ҳамкории Осиё» субҳи имрӯз, ҷумъаи 29-уми март, дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард.

Дар нишасти «Муколамаи ҳамкории Осиё» 12 вазир ва 9 муовини вазири корҳои хориҷии кишварҳои узви ин созмон ширкат доранд. Аммо, ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Узбакистонро дар ин ҳамоиш сафири ин кишвар дар Душанбе намояндагӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ин нишаст ҳамкориҳои кишварҳои узви созмон дар бахшҳои мухталиф баррасӣ шуда, он бо тасвиби санади ниҳоии ин ҳамоиш бо номи «Эъломияи Душанбе» ба поён мерасад.

Рӯзи панҷшанбеи 28-уми март нишасти намояндагони кишварҳои узв сурат гирифт ва ҳайатҳо масоили мавриди баҳси ин нишастро баррасӣ карданд. Мулоқотҳои дуҷонибаи раҳбарони бархе аз ҳайатҳо бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ баргузор шуд.

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир раёсати созмони кишварҳои аъзои "Муколамаи ҳамкории Осиё"-ро ба уҳда дорад. Ин тасмим рӯзи 14-уми октябри соли 2012 дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои созмони "Муколамаи ҳамкории Осиё" дар Қувайт қабул гардида буд.

Идеяи таъсиси созмони "Муколамаи ҳамкории Осиё" дар соли 2000 аз сӯи кишвари Тайланд матраҳ шуд ва нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои ин созмон дар соли 2002 баргузор гардид, ки ҳадафи аслии он муколамаи созанда ба хотири рушди ҳамкориҳо миёни кишварҳои аъзои ин созмон унвон мешавад.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР АЗ РАФТИ ҲАМОИШ ДАВОМИ РӮЗ НАШР МЕШАВАД
XS
SM
MD
LG