Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони Деҳи Қозии ноҳияи Шӯрообод, деҳае дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, амнияти худро зери хатар медонанд.

Бо ирсоли як нома ба Саидмуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, сокинони ин деҳа хостори таъсиси як дидбонгоҳи муваққатӣ дар назди деҳа шудаанд.

Эҳтимоли қасос гирифтани қочоқчиён

Дар номаи дастаҷамъии сокинон омадааст, ки «шоми 21-уми март марзшиканони мусаллаҳи афғон аз чарогоҳи мавсимии аҳли деҳ дар мавзеи Дулоба 4 сокини деҳаро бо дастони баста ба гарав бурданд. Пас аз 5 километр роҳ сокинон бо забони русӣ, забони барои афғонҳо ношинос, машварат карда, ба хулосае меоянд, ки ба афғонҳои силоҳбадаст ҳамла кунанд. Дар натиҷаи муқовимат се қочоқчӣ ва як сокини ин деҳ бо номи Пирназар Исматов ҳалок мегардад.»

Дар поёни нома сокинон навиштаанд, ки аз ҳодисаҳои қаблии марзӣ медонанд, ки гурӯҳҳои марзшикани силоҳбадасти афғон кушта шудани се ҳамроҳашонро дарднок қабул мекунанд ва ҳатман дар пайи қасос хоҳанд афтод. Аз ин рӯ, онҳо хоҳиш кардаанд, то дар назди деҳа посгоҳи муваққатӣ таъсис дода шавад, зеро эҳтимоли ҳамлаи шабонгоҳии марзшиканони афғон вуҷуд дорад.

«Марзшиканон чунин интизор надоштанд»

Дар ҳамин ҳол, Неъмат Наимов, сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод, гуфт, чунин пешниҳодро аз забони сокинон низ шунидаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло кормандони милисаву амнияти ноҳия дар ҳолати омодабош қарор доранд ва дар сурати сар задани ҳодисае дар зудтарин фурсат ба кумаки сокинони деҳа мерасанд.

Аммо як корманди дигари мақомоти интизомии ноҳияи Шӯрообод гуфт, шояд марзшиканони афғон иттифоқи чунин ҳодисаро, ки сокинони маҳаллӣ бо дастони баста се афғони сар то по мусаллаҳро ба қатл расонданд, интизор надоштанд.

Дар пайи ин ҳодисаи ғайриинтизор, ба гуфтаи ӯ, ба эҳтимоли зиёд марзшиканони афғон сахт тарс хӯрдаанд ва дар гумон аст, ки дубора «меҳмон»-и сокинони ин деҳа шаванд. Ин манбаъ афзуд, ки агар сокинони ҳамаи деҳоти ноҳияи Шӯрообод ба мисли сокинони деҳаи Деҳи Қозӣ бо марзшиканон муқобилият кунанд, марзшиканӣ ба маротиб коҳиш меёбад.

«Қочоқчиёнро бо таёқ пеш карда будем»

Амрохон Юсупов, вакили деҳаи Деҳи Қозӣ, мегӯяд, ҳарчанд, як сокини деҳа ҳалок шуда бошад ҳам, аммо амали сокинон намунаи ҷавонмардист. Ба гуфтаи вай, сокинони ин деҳ ҳамеша бо қочоқчиён муқобилият доштанд.

Ӯ гуфт: «Зимистон ҳам мо хабар ёфтем, ки ду марзшикани силоҳдор дар деҳа дохил шуда нон металабанд. Мо ҳама ба по хеста, бо таёқ онҳоро аз деҳа пеш кардем ва ба тамоми мақомоти дахлдор аз ин ҳодиса хабар додем, аммо мутаасифона, бинобар барфи зиёд касе омада натавонист. Мо рӯи онҳоро дидан намехоҳем ва тарафдори зудтар гум шудани онҳо аз хоки муқаддаси Тоҷикистон ҳастем. Агар мақомот бар зидди онҳо амалиёт кунанд, мо тайёрем, ки бо таёқ бар зидди қочоқчиён мубориза барем.»

Мавзеи Дулоба

Мавзеи Дулоба

Дар ҳамин ҳол, як тан аз гаравгононе, ки дар ҳамла ба қочоқчиён ширкат доштааст ва ба хотири амнияти шахсиаш намехоҳад номаш ифшо шавад, мегӯяд, аз суҳбатҳои ҷанҷолӣ бо се афғони мусаллаҳ дарк кард, ки онҳо гурӯҳи ғоратгаранд ва мехоҳанд бо гарав бурдани сокинони одӣ даромади пулӣ бигиранд. Барои сокинон маълум аст, ки соли гузашта ин гурӯҳ нафареро бо номи Мирзо ба гарав бурда, аз пайвандонаш 5 ҳазор доллари амрикоӣ гаравгонпулӣ гирифта буданд ва агар онҳо се тан аз аъзои ин гурӯҳро намекуштанд, шояд ин ба одати доимиашон табдил меёфт.

Ин иштирокчии ҳамла ба қочоқчиён гуфт: «Ин гурӯҳ аниқ одамрабоён буданд ва дар миёни мо бо дилпурӣ метавонам бигӯям, ки касе бо онҳо ҳамкорӣ надошт ва қарздор ҳам набуд. Овозаҳое, ки қочоқчиён танҳо қарздоронро ба гарав мегиранд, дурӯғ аст. Агар мо қарздор мешудем, бо фарзандони хурдсоли худ аз деҳа берун мешудем? Ба фикри ман, одами қарздор аслан ба марз наздик намешавад, зеро ҳамеша хавф дорад. Мо аз ҳеҷ чиз хавф надоштем ва интизор ҳам набудем, ки чунин ҳодиса мешавад.»

Қонуншиканӣ ва ё қаҳрамонӣ?

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи як манбаъ аз мақомоти интизомии Шӯрообод, дар миёни кушташудагони мусаллаҳи афғон нафаре бо номи қумандон Абдулло, як чеҳраи шинохта дар олами ҷиноии вилояти Тахори Афғонистон, низ будааст.
Сокинон аз ин силоҳбадастони кушташуда се автомати Калашников, беш аз 700 дона тир ва чанд адад телефонҳои мобилӣ гирифта, ба мақомот супурдаанд.

Шӯрообод беш аз 140 километр марзи душворназорат бо Афғонистон дорад, ки пайваст дар ин ҳудуд ҳодисаҳои марзшиканӣ сабт мешавад. Аммо кушта шудани се марзшикани мусаллаҳ бо дасти сокинони бесилоҳ дар забони сокинони минтақаи Кӯлоб ҳодисаи нодир ва намунае аз қаҳрамонӣ барои дифоъ аз марзи кишвар арзёбӣ мешавад. Бо ин вуҷуд, ҳоло мақомот хулосаи ниҳоии худро дар ин маврид иброз надоштааст, ки куштани марзшиканони силоҳбадасти афғон аз ҷониби сокинони одӣ нақзи қонун аст ва ё қаҳрамонӣ?

Аммо коршиносон мегӯянд, агар ин амали сокинон қаҳрамонӣ ва намуни хуби дифоъ аз марзи давлатӣ аз ҷониби сокинони одӣ арзёбӣ шавад, дигар сокинон барои мубориза бо марзшиканон ва қочоқчиёни маводи мухаддир дилгарм хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG