Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум пойҳои ҷинояткорони хурдсолро шӯст


Попи Рум Франсиск дар маҳбаси “Казал дел Мармо”-и пойтахти Италия ниёиш баргузор кард ва дар ҷараёни он пойҳои 12 ҷинояткори хурдсолро шӯст. Ин анъана аз қиссаҳои Инҷил сарчашма мегирад, ки бар пояи онҳо Исои Масеҳ пойҳои 12 тан аз шогирдонашро шӯста, ба ин васила ба онҳо намунаи муҳаббати бародаронаро омӯзондааст.

Попи Рум пойҳои 12 ҷинояткори хурдсолро шӯст, ки онҳо мутааллиқ ба қавму динҳои гуногунанд. Миёни онҳое, ки ба шӯстани пойҳояшон аз сӯи Поп Франсиск шарафёб шуданд, ду духтар – мусулмондухтар аз Сербия ва як пайрави дини католикӣ дар Италия ҳам буданд.

Дар маҳбаси “Казал дел Мармо” айни ҳол 49 маҳбуси аз 14 то 21 сола ба сар мебаранд, ки 38 нафарашон шаҳрвандони Боснӣ ва Ҳерсеговина, Миср, Македония, Марокаш, Руминия, Сербия, Сомалӣ, Тунис, Эквадор ва дигар кишварҳоянд.
XS
SM
MD
LG