Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров аз Ҷомеъаи кишварҳои араб интиқод кард


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, аз тасмими Ҷомеъаи кишварҳои араб барои чун намояндаи қонуни Сурия пазируфтани мухолифини ҳукумати Димишқ интиқод кард. Ӯ рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт, ин тасмим собит мекунад, ки Ҷомеъаи кишварҳои араб аз ҳалли мусолиматомези низоъ дар Сурия рӯ тофтааст. Дар нишасти сарони мамолики узви Ҷомеъаи кишварҳои араб, ки ин ҳафта дар шаҳри Доҳа баргузор шуд, ба ҳар кишвари узв иҷоза дода шуд, ки мустақилона ба мухолифини ҳукумати Башор Асад кумак кунанд.

Сергей Лавров афзуд, ки натиҷаҳони нишасти Доҳа мандати фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб дар умури Сурия Ахзар Иброҳимро зери суол қарор медиҳад.
XS
SM
MD
LG