Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сипоси раҳбари Қибрис аз масъулиятшиносии мардум


Никос Анастасиадис, раисиҷумҳури Қибрис, рӯзи панҷшанбе аз шаҳрвандони кишвар барои масъулиятшиносӣ дар давраи басо сангини бӯҳрони бонкӣ изҳори сипос кард. Дар иттилои ӯ дар саҳифааш дар Твиттер ҳамчунин аз бонкҳои Қибрис барои эътимоди бадастоварда ситоиш шудааст.

Рӯзи панҷшанбе, баъди тақрибан ду ҳафта аз шурӯъи бӯҳрони молӣ дар Қибрис, бонкҳои кишвар дарҳои худро ба рӯи мизоҷон боз карданд. Аз рӯзи 16 март ба ин сӯ, ки музокирот дар бораи наҷоти молии Қибрис идома дошт, амонатгузоронро аз дастрасӣ ба пасандозҳояшон маҳрум карда буданд. Аз субҳ дар назди бонкҳои кишвар мардуми зиёде дар навбат меистоданд ва посбонони мусаллаҳ барои ҷилавгирӣ аз бенизомиҳои эҳтимолӣ ҷалб шуда буданд. Бар асоси амри вазорати молияи Қибрис, аз ин рӯз мизоҷон ҳақ надоранд, аз ҳисоби худ дар як рӯз бештар аз 300 евро бигиранд.

Ҳукумати Қибрис тайи рӯҳои ахир бо созмонҳои молӣ барои гирифтани кӯмаки 10 миллиард еврогӣ музокира дошт. Созиш дар ин замина дар рӯзи душанбе ҳосил шуд, вале онҳое, ки дар бонкҳои Қибрис беш аз 100 ҳазор евро доранд, маблағи зиёди худро аз даст хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG