Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вакили дифоъ"-и Саддом маҳкум ба зиндон шуд


Як шаҳрванди Италия, ки худро чун вакили дифои раҳбари пешини Ироқ Саддом Ҳусейн ва раисиҷумҳури собиқи Югославия Слободан Милошевич муаррифӣ мекард, бо ҳукми як додгоҳи Бритониӣ барои тақаллуб, шустушӯи пул ва фиребгарӣ барои 14 сол маҳкум ба зиндон шуд.

Тафтишот муқаррар кард, ки боздоштшуда Ҷованнӣ ди Стефано ҳеҷ гоҳ дар риштаи ҳуқуқ таҳсил накардааст. Ба гуфтаи додситон, ди Стефано бо роҳи фиреб чанд миллион доллари мизоҷон зудбоварро ба ҷайби худ задааст.
XS
SM
MD
LG