Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҷавони тоҷик бо иттиҳоми фуруши силоҳ боздошт шуданд


Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд ду нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва муҳимоти ҷангиву қочоқи маводи мухаддир боздошт кардаанд. Нозирҷон Буриев, сухангӯи Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони раёсат Абдулҳамид Шоҳиҷангови 34-сола ва сокини ноҳияи Рашт ва Искандар Замонови 28 -сола, сокини Душанберо рӯзи 22 март боздошт карданд. Ба гуфтаи ӯ, маъмурони амниятӣ аз хонаи аввалӣ як туфангчаи “Макаров” бо даҳҳо дона тир ва чаҳор адад норинҷаки дастӣ ва миқдоре ҳашиш пайдо карда гирифтаанд. Нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқот идома доштааст.
XS
SM
MD
LG