Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ян Кубиш аз Толибон хост, ҷангро бас кунанд


Ян Кубиш
Ян Кубиш

Фиристодаи хоси СММ, бо таъкид ба ҳимояти ин созмон аз раванди сулҳу оштӣ дар Афғонистон гуфт, ки СММ талошҳо дар ин росторо бо ҳамкории наздик бо Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон идома медиҳад.

Ян Кубиш бо ишора ба масъалаи таъсиси дафтар барои Толибон дар Қатар гуфт, онҳо умедворанд, ки боз шудани ин дафтар ва сафари раиси ҷумҳур Ҳомид Карзай ба Доҳа самараи матлуб бидиҳад.

Ян Кубиш, ки рӯзи чаҳоршанбе бо гурӯҳе аз хабарнигорон дар Кобул суҳбат мекард, афзуд: “Чизе, ки муҳим аст, тасмими Афғонистон дар иртибот ба кушоиши дафтар барои мухолифони мусаллаҳ дар Доҳа ба ҳадафи суръат бахшидан ба гуфтугӯҳои сулҳ, мусолиҳа миёни Шӯрои Олии Сулҳ ва намояндагони бонуфузи Толибон аст. Мо умедворем, ки ин талош натиҷаи хуберо дар пай дошта бошад.“

Қарор аст, Ҳомиди Карзай бо ҳадафи суҳбат бо мақомоти Қатар дар бораи раванди сулҳи Афғонистон ва бахусус дафтари Толибон дар Доҳа дар ояндаи наздик ба пойтахти ин кишвари арабӣ сафар кунад. Фиристодаи хоси Созмони Милал барои Афғонистон дар идомаи суҳбаташ хоҳони бозгашти Толибон ба зиндагии одӣ дар Афғонистон шуд ва гуфт, ки онҳо набояд дигар ҳузури нерӯҳои байналмилалиро баҳона карда, ҷангро идома бидиҳанд, зеро ин нерӯҳо Афғонистонро тарк мекунанд:

“Агар иштибоҳ накарда бошам, яке аз ангезаҳои мухолифони мусаллаҳ барои идомаи ҷанг мавҷудияти нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон аст. Онҳо бояд инро мадди назар гиранд, ки ҳеҷ нерӯи ҷангии хориҷӣ баъди соли 2014 дар Афғонистон ҳузур нахоҳанд дошт. Биноан, мо аз онҳо мехоҳем, ки иқдомоти лозим ва заруриро ҷиҳати эҷоди фазои сулҳомез ва босубот дар Афғонистон рӯи даст бигиранд.”

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ва Барак Обама, ҳамтои амрикои ӯ, дар моҳи январи соли равон дар шаҳри Вашингтон дар мавриди таъсиси дафтари Толибон дар Қатар тавофуқ карда буданд. Ҳадаф аз таъсиси ин дафтар ташвиқи Толибон барои музокироти мустақим бо ҳукумати Афғонистон хонда шудааст. Аммо мақомоти Афғонистон гуфтаанд, ин дафтар бояд замоне боз шавад, ки Толибон равобиташонро бо Ал-Қоида қатъ кунанд ва ба Қонуни Асосии Афғонистон эҳтиром бигузоранд.

Толибон то кунун дархостҳои ҳукумати Афғонистон барои хотима додан ба ҷангу хунрезӣ ва аз роҳи гуфтӯгу рафъ кардани муноқиша дар кишварро рад карданд. Бо вуҷуди аз қудрат рондани Толибон дар соли 2001 дар амалиёти зиддитерористӣ ба раҳбарии Амрико, ситезаҷӯёни ин гурӯҳ ҷанг бар зидди ҳукумати Афғонистонро то кунун идома додаанд.
XS
SM
MD
LG