Пайвандҳои дастрасӣ

Қимати маводи ғизоӣ ҳамчунон баланд мондааст


Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, қимати маводи ғизоӣ дар саросари ҷаҳон назар ба 6 моҳи пеш поинтар омадааст, вале ҳамчунон “бисёр баланд” боқӣ мемонанд. Дар гузориши семоҳаи худ дар бораи қиматҳо, Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки қимати баланди маводи ғизоӣ, сабаби сӯитағзия ва фарбеҳӣ дар миёни мардуми фақири дунё мешавад, ки маҷбуранд, ба хӯроки дорои калорияи кам ва ғайрисиҳӣ рӯ биёранд. Бар асоси ин гузориш, то соли 2030 теъдоди афроде, ки вазнашон зиёд аст, ба 2 миллиарду 16 миллион нафар хоҳад расид. Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ қиматҳои маводи ғизоӣ дар моҳи феврал назар ба моҳи августи соли гузашта, ки ба ҳадди баландтарини худ расида буд, 9 дар сад поин омадааст. Тақозои кам ба гандум ва масрафи камтари ҷуворӣ барои истеҳсоли этанол дар Амрико қиматҳоро поин овардааст.
XS
SM
MD
LG