Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ерлан Идрисов


Нимаи дуюми 28-уми март президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисовро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар соли 2012 ба зиёда аз 700 миллион доллари амрикоӣ расида, нисбат ба соли 2011 ба ҳаҷми 150% афзудааст. Ҳамзамон таъкид шуд, ки имкону захираҳо барои боз ҳам афзун намудани ин нишондод хеле зиёд аст. Барои ин фаъолияти бештари мақомоти муштараки ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба, аз ҷумла Хазинаи сармоягузории мустақими Тоҷикистону Қазоқистон, зарур шумурда шуд.

Ба роҳ мондани ҳамкории созанда доир ба истифодаи босамари захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон ва минтақа низ аз мавзӯъҳои суҳбат буд. Инчунин, доир ба беҳсозии фазои ҳуқуқӣ барои кор ва будубоши бемонеаи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Қазоқистон ва густариши робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илму техника, фарҳанг ва ҷаҳонгардӣ низ гуфтугӯ сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG