Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баёнияи нави Интерпол дар бораи Абдуллоҷонов


Намояндагии Интерпол дар Украина мегӯяд, ҳоло намедонад, ки додгоҳи ин кишвар Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири собиқи Тоҷикистонро ба Душанбе хоҳад супурд ё на? Василий Неволя, раҳбари дафтари кории намояндагии Интерпол, дар шаҳри Киев ба хабарнигорон гуфт, "аз ҳоло наметавон гуфт, ки додгоҳи Украина доир ба Абдуллоҷонов чӣ гуна ҳукме содир хоҳад кард." Василий Неволя афзуд, сарнавишти нахуствазири собиқи Тоҷикистон баъди таҳқиқи ҳамаҷонибаи масъала ва иттилооти лозимӣ маълум мешавад. Абдумалик Абдуллоҷоновро, ки аввали солҳои 90-ум нахуствазир буд, дар Тоҷикистон ба дуздии амволи давлат, талош барои ғасби қудрат ва ба куштор муттаҳам мешавад. Ӯро рӯзи 5 феврал дар фурудгоҳи Борисполи Украина, бар асоси амри Интерпол ва бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт карда буданд. Додгоҳи Украина амр додааст, ки ӯро то замони баррасӣ шудани қазияи истирдодаш, ҳадди аксар як сол дар боздоштгоҳ бимонанд. Абдумалик Абдуллоҷонов худро бегуноҳ медонад.
XS
SM
MD
LG