Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни "Маҳсулоти беҳтарини сол дар Тоҷикистон"


Намоишгоҳ-фурӯши хӯрокворӣ дар доираи лоиҳаи "Маҳсулоти беҳтарини сол дар Тоҷикистон" бо иштироки корхонаҳои истеҳсолии мамлакат баргузор мегардад.

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ дастгирии истеҳсолкунандаи ватанӣ, муаррифии маҳсулоти онҳо, тарғиби брендҳои ватанӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, дастгирии соҳибкорӣ ва ба ин васила мусоидат ба рушди иқтисод дар Тоҷикистон мебошад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оила» соли дуввум аст, ки лоиҳаи мазкурро роҳандозӣ мекунад. Имсол лоиҳаи "Маҳсулоти беҳтарини сол дар Тоҷикистон" дар ҳамдастӣ бо Вазорати энергетика ва саноат ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Озмун 1 октябри соли 2012 оғоз гардида, дар арафаи ҷашни Наврӯз ҷамъбаст мегардад.

Намоишгоҳ-фурӯши хӯрокворӣ рӯзҳои 28, 29, 30 марти соли 2013 дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад» бо ширкати 30 корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти ғизоӣ баргузор гардида, ба ғолибон санаи 30 марти соли 2013 дар меҳмонхонаи «Ҳаят Риҷенсӣ» дар шаҳри Душанбе ҷоиза ва диплом супорида мешавад.


XS
SM
MD
LG