Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон донишкадаи нав боз мекунанд


Дар Тоҷикистон дар ояндаи наздик Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн таъсис хоҳад шуд. Қарор дар ин замина рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи ҳукумати кишвар баррасӣ ва қабул шудааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ дар ин бора дар торнамои худ хабар дода ва аз ин бештар чизе нагуфтааст. Дар Тоҷикистон то кунун, омӯзишгоҳи рассомӣ вуҷуд дорад, вале донишкадаи санъати тасвирӣ то кунун набуд.
XS
SM
MD
LG