Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози бомбандозҳои Амрико дар фазои Куриёи Ҷанубӣ


Ҳавопаймоҳои бомбандози Амрико бори аввал дар қаламрави ҳавоии Куриёи Ҷанубӣ, тамринҳои низомӣ анҷом доданд. Артиши Амрико гуфт, ду ҳавопаймои бомбандози B-2 аз аёлати Миссури ба Куриёи Ҷанубӣ парвоз карда ва ҳадафҳои сунъиеро маҳв карданд. Ба гуфтаи артиши Амрико, дар ин “маъмурияти бетанаффус”, тақрибан 21 ҳазор километр парвоз карда ва аз Куриёи Ҷанубӣ ба пойгоҳи худ ба Амрико баргаштаанд. Хабаргузории Ёнҳапи Куриёи Ҷанубӣ гуфт, ки ин бахше аз тамринҳои муштараки Амрикову он кишвар будааст. Куриёи Шимолӣ, ки аз ин размоишҳо ба хашм омадааст, рӯзи чаҳоршанбе гуфт, “мумкин аст, миёни ду кишвар ҳар лаҳза ҷанг бархезад.” Куриёи Шимолӣ моҳи гузашта, бори саввум озмоиши атомӣ анҷом дод ва ҳамин амр дод, ки воҳидҳои мушакӣ ва тӯпхонаҳояш пойгоҳҳои Куриёи Ҷанубӣ ва Амрикоро ҳадаф бигиранд.
XS
SM
MD
LG