Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии санҷишӣ дар Кувайт аз тими “Ал-Қодсия” бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол”, футболбозони Душанбе, ки дар Кувайт дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ ширкат доранд, ба мавсими нави футбол омодагӣ мебинанд.

Бозии санҷишӣ миёни дастаи «Истиқлол», қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон ва тими «Ал-Қодсия», қаҳрамони 15-каратаи Кувайт, ки дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми АФК рақиби дастаи «Равшан»-и Кӯлоб мебошад, рӯзи 27-уми март дар пойтахти Кувайт – Ал-Кувайт баргузор шуд. Бозӣ хеле пуршиддат сурат гирифт. Тамошогарон шоҳиди 6 гол шуданд.


Бозии санҷишӣ
«Ал-Қодсия» (Кувайт) - «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 4:2
Голҳои «Истиқлол»: Фатҳулло Фатҳуллоев, Виллер Соуза Оливейра.
«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Алишер Тӯйчиев (Никола Стошич, 55, Саидҷон Саидраҳмонов, 81), Наим Улмасов, Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Иброҳим Рабимов (Артём Петренко, 46), Фатҳулло Фатҳуллоев (Умедҷон Шарифов, 46), Ҷаҳонгир Эргашев (Орзу Додхудоев, 60), Аҳтам Назаров, Дилшод Восиев, Виллер Соуза Оливейра, Юдҷин Сепуйя (Роберт Жилин, 46).
27-уми март. Ал-Кувайт. Варзишгоҳи Муҳаммад Ал-Ҳамад.

Рақиби дувуми «Истиқлол» дастаи “Ал-Шабоб” мебошад, ки дар дивизиони аввали мусобиқаи қаҳрамонии Кувайт бозӣ мекунад. Ин бозии санҷишӣ рӯзи якшанбеи 31-уми март баргузор мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG