Пайвандҳои дастрасӣ

«САSА-1000» - мавзӯи гуфтугӯи вазирони тоҷику афғон


Сайёра Адуҳалимова, масъули дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, 28-уми март ба радиои «Озодӣ» гуфт, дар нимаи дувуми рӯзи чоршанбе мулоқоти Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, бо доктор Ҳазрат Умар Заҳилвол, вазири молияи Афғонистон, сурат гирифт, ки дар он масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар амри татбиқи тарҳи САSА-1000 мавриди гуфтугӯ қарор дошт.

Зимни мулоқот, ҳамчунин, тарҳҳои дигари муҳими энергетикии минтақавӣ ба мисли хатти интиқоли барқи 500кВ Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон, тарҳи хатти интиқоли барқи 500кВ Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон ва тарҳи лӯлаҳои гази миёни ин кишварҳо баррасӣ шуданд.

Дар ин нишаст аз ҷониби Афғонистон муовини вазири тиҷорат ва саноеи ин кишвар Музалмил Шинворӣ, муовини вазири фавоиди оммаи Афғонистон Нургул Мангал, муовини вазири иқтисоди Афғонистон Ҳакимхон Ҳабибӣ, раиси умумии “Де Афғонистон Брешно Ширкат” Абдураззоқ Самадӣ ҳузур доштанд.

Ҳайати баландпояи Афғонистон 27-уми март барои баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарду кишвар дар бахши иқтисод ва саноату энергетика ба Душанбе ташриф оварданд.
XS
SM
MD
LG