Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти бузурге дар Душанбе шурӯъ мешавад


Имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Анҷумани Муколамаи Ҳамкории Осиё шурӯъ мешавад, ки дар он ҳайъатҳои 32 кишвари қора ширкат хоҳанд кард. Анҷумани Муколамаи Ҳамкории Осиё, маҳфилест, ки кишварҳои минтақа дар он ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амниятӣ ва шеваҳои муқобила ба хатароти нав дар ҷаҳонро баррасӣ мекунанд. Тоҷикистон соли 2006 ба ин анҷуман пайваст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мизбони нишаст, гуфт, ҷаласаи аслии анҷуман рӯзи 29 март баргузор мешавад ва қарор аст, дар он Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури кишвар суханронӣ кунад.
XS
SM
MD
LG