Пайвандҳои дастрасӣ

Кори Интернет дар саросари ҷаҳон суст шудааст


Бар асари ҳамлаи васеъмиқёс ва ба гуфтаи мутахассисон “бесобиқаи” рахнагарони интернетӣ, суръати Интернет дар саросари ҷаҳон кунд шудааст. Рахнагарон торнамои Спамҳаус, як созмонеро ҳадаф гирифтаанд, ки феҳрасти фиристандагони спам ва ё имейлҳои тарғиботиеро, таҳия мекунад, ки корбарон аз онҳо безоранд. Рахнагарон бо муроҷиати беш аз ҳад ба як вебсайт, онро аз кор меандозанд ва дастрасӣ ба онро номумкин мекунанд. Ба гуфтаи мутахассисон, ҳамлаи ахир кори торнамоҳои маъруфе ба мисли Netflix-ро суст кардааст, ки видеову мусиқии дархостиро пешниҳод мекунад. Спамҳаус, ки дар шаҳрҳои Лондон ва Женева қароргоҳ дорад, мегӯяд, аз нимаҳои моҳи март аст, ки мавриди ҳамлаи рахнагарони интернетӣ қарор гирифтааст. Пеш омадани чунин ҳолатро дар моҷарои Спамҳаус бо ширкати ҳолландии Cyberbunker медонанд, ки гӯё дар серверҳои худ фиристандагони спамро ҷо додааст. Чанде пеш Спамҳаус Cyberbunker-ро ба феҳрасти сиёҳи худ ворид карда буд.
XS
SM
MD
LG