Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми додгоҳи Чех раиси ҷумҳури пешинро ором кард


Додгоҳи Қонуни Асосии Ҷумҳурии Чех, даъвои вакилони мардумиро, ки Васлав Клаус, раиси ҷумҳури собиқро ба хиёнат ба ватан муттаҳам мекарданд, беасос донист. Вакилони чапгаро ва мухолифони Васлав Клаус, ки палатаи болоии порлумони Ҷумҳурии Чехро дар даст доранд, аз додгоҳ хоста буданд, ки ба амалкарди раиси ҷумҳури пешин баҳои қонунӣ бидиҳад, ки дар моҳи январ бо эълони як авфи баҳсбарангез ҳазорон нафарро аз зиндон раҳо кард. Авфи мазкур бисёре аз сокинони Ҷумҳурии Чехро ба хашм овард, зеро афроде низ озод шуданд, ки онҳоро дар дуздии моликияти давлат ва тақаллуби молӣ муттаҳам мекарданд. Аҳди дуввум ва ниҳоии раёсати ҷумҳурии Васлав Клаус рӯзи 7 март ба поён расида буд.
XS
SM
MD
LG